Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Хорватия баъди ду ҳафта интихоб мешавад


Рӯзи 10 январ дар Хорватия даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар даври аввали интихобот, ки дирӯз доир гардид, номзад аз ҳизби мухолифи сотсиал-демократӣ Иво Иосипович ва мири шаҳри Загреб Милан Бандич бештари раъйҳоро ба даст оварданд.
Раисиҷумҳури феълии Хорватия Стипе Месич, ки дар ду интихоботи президентии пешин пирӯз шуда буд, ба истеъфо меравад. Гуфта мешавад, ки раҳбари нави Хорватия талошҳои мақомоти феълӣ барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо, рафъи бӯҳрони иқтисодӣ ва мубориза бо фасодро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG