Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ мақомоти Эронро маҳкум мекунад


ИМА, Фаронса ва Италия саркӯб шудани намоиши эътирозии мухолифини Эрон аз сӯи нерӯҳои амниятии кишварро шадидан маҳкум карданд. Вошингтон эълом дошт, ки аз намоишгарони осоишта пуштибонӣ мекунад. Мақомоти Фаронса ба зарурати ҷилавгирӣ аз ҳама гуна хушунат алайҳи намоишгарони осошта таъкид кардаанд. Дар изҳороти ҳукумати Италия гуфта шудааст, ки дар ҳама ҳолат набояд ба ҳалокати одамон роҳ дод.
Ахиран мақомоти полиси Эрон тайид карданд, ки бар асари бархурди ҳомиёни ҳифзи тартибот ва тазоҳургарон панҷ нафар кушта ва беш аз 300 нафар боздошт шудаанд. Хабаргузории ИРНА бо такя ба изҳороти мақомоти полис гуфтааст, ки ҳалокати одамон мармӯз сурат гирифтааст. Ва аммо мухолифин мегӯянд, ки дар ин ҳаводис дасти кам 9 нафар, аз ҷумла, яке аз пайвандони раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мусавӣ, кушта шудаанд. Хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба сомонаи интернетии Парламоннюс навиштааст, ки Сайид Алӣ Мусавӣ, бародарзодаи 35-солаи Мусавӣ дар майдони Инқилоб тир хурд ва дар бемористон аз дунё даргузашт.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, нерӯҳои амниятӣ ва пулис алайҳи ҳазорон нафар эътирозгарон аз гази ашковар ва чӯбдастҳо истифода кардаанд. Дирӯз дар Эрон рӯзи аслии Ошӯро ваё ёдбуди Имом Ҳусейн, набераи паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо буд.
XS
SM
MD
LG