Пайвандҳои дастрасӣ

"Ориёно" сӯи соҳилҳои Юнон шино мекунад


Киштии юнонии “Ориёно” бо сарнишинҳои украинӣ, ки беш аз ду ҳафта қабл аз дасти роҳзанҳои дарёӣ наҷот ёфт, сӯи соҳилҳои Юнон шино мекунад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, вазъи сарнишинҳои киштӣ мӯътадил аст. Қаблан бандаре, ки киштии “Ориёно” он ҷо бояд лангар партояд, мушаххас гардид ва аммо ба хотири таъмини амният номи бандар ифшо намешавад.
Киштии юнонии “Ориёно” бо сарнишинҳои украинӣ моҳи май аз сӯи роҳзанҳои баҳрии Сомалӣ дар Уқёнуси Ҳинд рабуда шуда буд. Рӯзи 10 декабр роҳзанҳо, баъди пардохти дувуним миллион доллар аз сӯи соҳибони киштӣ, “Ориёно”-ро аз банд раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG