Пайвандҳои дастрасӣ

Қиммати нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло меравад


Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки сар аз соли нави 2010 қиммати истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон то 25 дарсад боло хоҳад рафт. Яъне, агар аз моҳи августи соли ҷорӣ то кунун сокинони кишвар барои истифодаи 1 киловат соат нерӯи барқ ҳафтуним дирам пардохт мекарданд, ин қиммат дар соли нав ба даҳ дирам ё дуним сенти амрикоӣ мерасад. Масъулони “Барқи тоҷик” мегӯянд, болоравии қиммати истифодаи нерӯи барқ дар соли оянда ба зарурати баргардонидани қарзҳои гирифта барои сохтмон ва таҷдиди иншооти энержӣ дар кишвар бастагӣ дорад. Аз ин пеш ниҳодҳои байнулмилалии молӣ, аз ҷумлаи Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул ҳам ба мақомоти расмии Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки то соли 2010 қиммати истифодаи нерӯи барқро то дуним сенти амрикоӣ барои ҳар як киловат соат расонад.
XS
SM
MD
LG