Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷири дар ҳавопаймо боздоштшуда бегуноҳ аст


Шабакаи телевизиони CNN-и Амрико хабар дод, ки аз як мусофири саркаши ҳапавопаймои хати сайри Амстердами Ҳуланд ва шаҳри Детройти Амрико дастгоҳ ё моддаи мунфаҷира пайдо нашудааст. Ин мусофирро, ки қариб як соат дастшӯии ҳавопайморо банд карда буд, нерӯҳои интизомии Амрико баъди ба замин нишастани ҳавопаймо боздошт кардаанд. Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, ки ин мусофири ҳавопаймо тоҷир буда, утоқи дастшӯиро бар асари беморӣ банд кардааст.
Ду рӯзи пеш дар рӯзи иди Мавлуди Исои Масеҳ, ҳангоми парвози ҳавопаймои ҳамин хатсайр, шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаб, ки мехост дар ҳавопаймо моддаи таркандаро мунфаҷир созад, аз сӯи мусофирон ва сарнишинҳо безарар карда шуд. Ӯро нерӯҳои амниятии Амрико боздошт ва зиндонӣ карданд. Ҳавопаймое, ки дирӯз дар Детройт фуруд омад, ҳоло барои расидагии комили дохили ҳавопаймо дар як гӯшаи фурудгоҳ нигоҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG