Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Эрон ҳалокати 5 касро тайид кард


Яке аз пайвандони раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мусавӣ бар асари тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Теҳрон кушта шудааст. Хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба сомонаи интернетии Парламоннюс навиштааст, ки Сайид Алӣ Мусавӣ, бародарзодаи 35-солаи Мусавӣ, дар майдони Инқилоб тир хурд ва дар бемористон аз дунё даргузашт.
Ахиран мақомоти полиси Эрон тайид карданд, ки бар асари бархурд миёни ҳомиёни ҳифзи тартибот ва тазоҳургарон панҷ нафар кушта ва беш аз 300 нафар боздошт шудаанд. Хабаргузории ИРНА бо такя ба изҳороти мақомоти полис гуфтааст, ки ҳалокати одамон мармӯз сурат гирифтааст.
Қаблан шоҳидони ҳодиса гуфтанд буданд, ки нерӯҳои амниятӣ ва пулис алайҳи ҳазорон эътирозгарон, ки мехостаанд ба маркази Теҳрон роҳ ёбанд, аз гази ашковар ва чӯбдастҳо истифода кардаанд. Дирӯз дар Эрон рӯзи аслии Ошӯро - ёдбуди Имом Ҳусейн, набераи паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо буд.
XS
SM
MD
LG