Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чандин нафар дар тазоҳуроти Эрон


Муовини сардори полиси Эрон, Аҳмадризо Родон, дар мусоҳиба бо шабакаи "Хабар"-и телевизиони Эрон гуфт, дар даргириҳои Рӯзи Ошӯро дар Эрон чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Вай шумораи дақиқро ном набурд.

Қаблан мухолифони Эрон ва манобеи ғайрирасмӣ ин хабарро нашр карданд, ки дар задухӯрдҳо миёни нерӯҳои амниятии Эрон ва тазоҳуркунандагон дастикам 8 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Мақомоти Эрон ҳамчунин тасдиқ карданд, ки зиёда аз 300 нафар дар ҷараёни даргириҳо боздошт шудаанд.

Полис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз калтак ва гази ашковар истифода кардааст. Ноиби сардори полиси Эрон, Аҳмадризо Родон ба телевизиони давлатии Эрон гуфт, чандин корманди полис захмӣ шудаанд. Вай афзуд, ҳалокати инсонҳо шубҳаангез буда, бояд пажӯҳиш шавад.

Порчаҳои видеоӣ дар шабакаи YouTube даргириҳои хиёбонии байни полиси зиддиошӯби Эрон ва тазоҳуркунандагонро дар рӯзи 27-уми декабр ба тасвир гирифтаанд.



Мухолифони Эрон ва манобеи ғайрирасмӣ хабар медиҳанд, ки дар задухӯрдҳо миёни нерӯҳои амниятии Эрон ва тазоҳуркунандагон дастикам 8 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Аксу видео аз ин тазоҳурот пайиҳам дар интернет нашр мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин даргириҳо хоҳарзодаи раҳбари мухолифон Мирҳусейни Мӯсавӣ низ кушта шудааст. Вале мақомоти Эрон то охирин лаҳза ин хабарҳоро рад мекарданд. Нимирӯзии 27-уми декабр сардори полиси Теҳрон, Азизуллоҳ Раҷабзода ба хабаргузории Ройтерз гуфт: “То ин лаҳза ягон хабари ҳалокат нарасидааст, ҳеҷ кас кушта нашудааст.”

Дертар, сомонаи интернетии мухолифон бо номи “Ҷарас” навишт, дар даргириҳои Табриз, дастикам 4 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд.

Як ёвари Мӯсавӣ, ки хост, номаш махфӣ бимонад, дар гуфтугӯ бо Радиои «Фардо”, ҳалокати хоҳарзодаи Мӯсавиро тасдиқ кард. Дар номаи саркушода, ки сомонаи “Калима” нашр кардааст, мушовир Алиризо Биҳиштӣ ба Мӯсавӣ дар робита ба “шаҳодати хоҳарзодааш Алӣ Ҳабибии Мӯсавӣ” изҳори тасаллият кардааст.
Сардори полиси Теҳрон, ки гуфта мешавад, дар иин шаҳр ба камияш 4 нафар ба ҳалокат расидаанд, нимирӯзии 27-уми декабр исрор кард, ки касе кушта нашудааст.

Сомонаи мухолифон “Роҳи сабз” хабар дод, ки се тазоҳуркунанда дар кӯчаи марказии Теҳрон – “Инқилоб” аз тарафи нерӯҳои амниятӣ тирборон ва кушта шудаанд. Як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Теҳрон ба Радиои Озодӣ гуфт, тазоҳуркунандаи чаҳорум пас аз зарбаи калтаки полис ба сараш низ ба ҳалокат расид.

Эътирозҳои нав ва даргириҳо ин бор дар рӯзи Ошӯро, маросими мотам дар ҳаққи набераи паёмбари ислом Имом Ҳусейн, ба вуқӯъ пайваст.

Мунаққидони ҳукумати Эрон гуфтаанд, ба тазоҳуроти худ идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG