Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 нафар дар назди масҷиде дар Покистон кушта шуд


Имрӯз дар Покистон дар назди масҷиди аҳли шиаи шаҳри Кашмир дар рӯзи ахири Ошӯро инфиҷоре рух дод ва дар он дастикам 5 нафар кушта шуданд. Чаудрӣ Имтиёз-муовини кумиссари маркази идории Кашмир ба матбуот гуфтааст, 2 нафари кушташудагон аҳолии маҳаллӣ ва 3 нафари дигар кормандони пулис будаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, 81 нафар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд ва вазъи саломати 10 нафари онҳо вазнин аст. Аҳолии Покистон 167 миллион нафар аст, ки аз он 20 дарсадашро шиаҳо ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG