Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз шаби Милоди Масеҳ поп бори аввал зоҳир шуд


Попи Рум Бенидикти XVI баъд аз ниёиши шаби Милоди Масеҳ, ки зане бо номи Сусана Майоло ғайричашмдошт аз девори амниятӣ парид ва гиребони вайро гирифта ӯро ба замин кашид, бори аввал имрӯз аз Ватикан берун рафт. Попи 82-сола дар як таомхона дар Рум бо марди фақире як ҷо бо ҳам хӯрок хӯрданд. Дар ин ҳангом нируҳои амниятӣ амниятро таъмин мекарданд. Аз сӯи дигар, додгоҳи Втикан имрӯз гуфт, ки Сусана Майоло -зани 25-солаи нима суэдӣ ва нима итолёиро дар ҳафтаҳои наздик ба додгоҳ мекашад. Вай то ҳол дар як шифохонаи бемориҳои равонӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG