Пайвандҳои дастрасӣ

Пирузии ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар кишвари Халиҷи Форс


Як ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар сабқате барандаи тарҳи 40 миллиард доларии сохтмони ниругоҳи ҳастаӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб шуд. Мақомоти расмии ин кишвари Халиҷи Форс мегӯянд, то ҳол ин бузургтарин задубанде дар ин кишвари халиҷ будааст. Ин тарҳ ҳамчунин нахустин судури тарҳи бузурги ҳастаии Кореяи Ҷанубӣ ба кишвари хориҷӣ бо чунин арзиш мебошад. Мақомоти ҳастаии Имороти Муттаҳидаи Араб мегӯянд, ин ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар сабқат ширкатҳои фаронсавиву амрикоӣ ва ҷопониро бо пешниҳоди меъёрҳои хуби амниятӣ мағлуб кард ва қарор аст сохтмони ниругоҳ то соли 2017 ба поён расад ва он ба тавдиди барқи ҳастаӣ шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG