Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон ҳадс мезананд, ки рӯйхати пешниҳодшудаи иддае аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ҳайати нави порлумони кишварро маълум мекунад.

Қабл аз ҳама онҳо дар мисоли Амиршо Миралиев - раҳбари кунунии дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, Хайринисо Юсуфӣ - раиси Кумитаи занон, Саиди Ёқубзод - вазири обу обёрии Тоҷикистон ва Ҷумъабой Сангинов - раиси фраксияи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Маҷлиси намояндагон рӯйхати ҳизби ҳукмронро мисол меоранд, ки аз намояндагони феълии порлумон ва аъзои ҳукумату дастгоҳи раисҷумҳур иборат аст.

Ҳамчунин ба ин идда Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломиву муовинаш Сайидумар Ҳусайнӣ ва намояндагони Ҳизби коммунист дар порлумон Шодӣ Шабдолову Исмоил Талбаковро низ ном мебаранд.

Ҳизби ҳоким интихоботро роҳи ҷобаҷогузории навбатии кадрҳо медонад ва воқеан ҳоло бидуни шакку тардид метавон порлумони ояндаро тасаввур кард ...
Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, ҳизби ҳоким интихоботро роҳи ҷобаҷогузории навбатии кадрҳо медонад ва воқеан ҳоло бидуни шакку тардид метавон порлумони ояндаро тасаввур кард. Вай меафзояд, «дар кишварҳое ба монанди Тоҷикистон, ки рақобатҳои солими пешазинтихоботӣ миёни аҳзоб вуҷуд надорад, ин табиист».

Оқои Мирзо мегӯяд, аз 22 то 15–17 нафари рӯйхати Ҳизби халқӣ-демократиро метавон намояндаҳои ояндаи порлумон ҳисоб кард.

Дар ҳамин ҳол Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси дигар, мегӯяд, дар равобити маълуми Тоҷикистон бо Русияву Ӯзбакистон пуштибонии аҳзоби мухолиф аз ҳукумат эҳсос шуд. Вай афзуд, ба хотири намоиши ваҳдати миллӣ ба порлумон боз як нафар аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва якнафарӣ аз аҳзоби ислоҳоти иқтисодиву аграрӣ, демократ ва сотсиалист имкон дорад.

Ба гуфтаи коршинос, «раисҷумҳур ин эътимодро аз шахсиятҳо ва аҳзоб ҳосил кард, ки ба онҳо мешавад такя кард ва вуҷуди онҳо порлумони чандҳизбаро низ ба майдон хоҳад овард, ки ҳамзамон намоиши ваҳдати нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон хоҳад буд».

Раҷаби Мирзо бар ин аст, ки ҳоло равобити Тоҷикистон бо Ғарб хуб шудааст ва маҳз порлумони чандҳизба яке аз забондарозиҳои ҳукумат барои ҷалби бештари таваҷҷӯҳу сармояи Ғарб ва низ дар дохил хоҳад буд. Вай мегӯяд, «стратегияи ҳукумат ба ҳамин равона шудааст ва ба ин нияташ мерасад».

Аммо оқои Мирзо мегӯяд, рисолати Ҳизби демократи Масъуд Собиров ва ҳизби сотсиалисти Абдуҳалим Ғаффоров, ки 10 ва 15-нафарӣ номзад ба намояндагии порлумон пешниҳод кардаанд, ин интихобот ба гумон аст, ки муваффақият орад. Вай меафзояд, «онҳо бо дахолати ҳукумат хеле заиф карда шудаанд, яъне миссияашон иҷро шуда, баъд аз интихобот ба касе зарур нахоҳанд шуд».

Аммо Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, имкониятҳои Ҳизби демократ на кам аз дигар аҳзоб аст ва қабл аз ҳама бо собиқаи таърихиаш метавонад ҷойгоҳашро дар ин интихобот низ ҳифз кунад.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, алайҳи Ҳизби сотсиал–демократи Раҳматулло Зойиров, ки бо 22 нафар аз рӯйхати ҳизбӣ мехоҳад вориди сабқати интихоботӣ шавад, гӯё як коалитсияи 7 ҳизби дигар ташкил шудааст ва ба гумон аст, ки дар интихоботи оянда ин ҳизб курсиеро ба даст орад.

Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, ин ҳизб дар қиёс бо Ҳизби наҳзати исломӣ барои дифоъ аз арзишҳояш алайҳи ҳукумат зиёдаравиҳо дошт, аз ин хотир барои роҳ ёфтанаш ба парлумон печидагиҳо пеш хоҳанд омад.

Ба ҳамин минвол, коршиносон ҳудуди 22 курсии порлумон аз рӯйхати умумиҷумҳуриявиро маълум тахмин мезананд ва ин ҳам 12 ҷойи ҲХДТ, 3 ҷойи ҲНИТ ва ҲКТ ва якҷоӣ барои аҳзоби дигар ба ҷуз ҲСДТ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG