Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам: "Соли 2009 бароям соли беҳтарин буд"


Сарояндаи тоҷик Шабнами Сурайё ахиран аз Олмон ба Тоҷикистон баргашт. Вай дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи таассуроти сафарҳои ҳунариаш ва нақшаҳову орзуҳои худ дар соли нав нақл кард.

Шабнам: -Соли 2009 барои ман соли беҳтарин ва фаромушношуданӣ буд, чунки дар ин сол ман ба бисёре аз кишварҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом додам. Тайи якуним соли ахир ман 17 консерти худро Амрико, Канада ва кишварҳои Аврупо баргузор кардам. Ростӣ, ман бисёр хурсанд ҳастам ва ифтихор дорам, ки ҳамчун як духтари тоҷик дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам.

Суол: -Бардошти шумо аз ин сафарҳо чи гуна аст?

Шабнам: -Дар ин сафарҳо аз ман бисёр истиқболи хуб мекарданд. Барои ман хеле ҳаяҷоновар буд, ки маро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он мешиносанд, ҳунарамро дӯст медоранд.

Суол: -Дар ин сафарҳо бо киҳо бештар ҳамкорӣ доштед?

Шабнам: -Бештар мо бо ширкати «Даф интертейнмент» ҳамкорӣ мекардем ва ҳоло ҳам ҳамкорӣ дорем.

Суол: -Шумо қариб тамоми солро дар хориҷа сипарӣ кардед. Дар ин муддат чи чизи наве омӯхтед?

Шабнам: -Бисёр чизҳои нав омӯхтам. Мегӯянд, ки ҷаҳонхӯрда набош, балки ҷаҳондида бош. Аз сафарҳои хориҷӣ хотираҳои бисёр хуб дорам.

Суол: -Ба назари шумо, чи боис шуд, ки шумо тавонистед дар хориҷа маъруф шавед?

Шабнам: -Ҳамаи ин доди Худо аст, аввал Худо, баъд модари азизам ва дастгирии мардуми Тоҷикистони азизам.

Суол: -Баъд аз силсиласафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ то куҷо эҳсос мекунед, ки дар соҳаи санъат рушд кардед ва оё тағйироте дар ҳунаратон мебинед?

Шабнам: -Худтаърифкуниро ман нағз намебинам. Албатта тағйирот ҳаст, бахусус оҳангҳо ва сурудҳои нав омода кардам.

Суол: -Чанд моҳе пеш кумитаи андоз як феҳристи сиёҳро нашр кард ва исми шумо низ дар он феҳрист буд. Ин хабарро шумо чи гуна қабул кардед ва тавонистед ин мушкилро ҳал кунед?

Шабнам: -Ман ҳамеша тарафдори қонун ҳастам ва ин феҳрист бароям дарс шуд ва кӯшиш мекунам, ки новобаста аз серкорӣ андозро саривақт супорам.

Суол: -Вақте аз сафарҳо баргаштед Тоҷикистонро чи гуна дарёфтед?

Шабнам: -Ҳар дафъае, ки ба Тоҷикистони азизам бармегардам, чунин эҳсос мекунам, ки гӯиё аз нав ба дунё омадаам. Суруди модарам ба ёдам меояд, ки мегӯяд, «тоҷикам, бо Тоҷикистон зиндаам».

Суол: -Агар шумо имкон медоштед, дар шоу-бизнеси Тоҷикистон чиро тағйир медодед?

Шабнам: -Агар ман чунин имкон медоштам, пеш аз ҳама техникаро тағйир медодам. Албатта, ҳоло дар ин самт дар Тоҷикистон беҳбудиҳо ҳаст. Вақте ман дар хориҷа консерт баргузор мекардам, бисёриҳо аз сифати оҳангҳо дар ҳайрат мешуданд. Вале бояд техникаро боз ҳам навтару замонавӣ кард.

Суол: -Шумо эҳсос кардед, ки дар кишварҳои хориҷӣ сарояндагонро бештар қадру эҳтиром мекунанд?

Шабнам: -Дар Тоҷикистон низ аз ҳунармандон хуб қадрдонӣ мешавад. Дар кишварҳои дигар низ санъаткоронро бисёр дӯст медоранд ва ҳурмат мекунанд.

Суол: -Эҳсос мешавад, ки шумо дар сӯҳбатҳо калимаҳои инглисиро истифода мекунед. Оё ин забонро феълан меомӯзед?

Шабнам: -Ман ҳоло дар Олмон дарси инглисӣ меомӯзам. Ҳамзамон курси ҳунармандӣ, рақс ва вокал мехонам.

Суол: -Тайи соли гузашта дар хориҷа консертҳои зиёд доштед, вале дар Тоҷикистон дар ин муддат бори аввал консерт баргузор мекунед...

Шабнам: -Аз сабаби он, ки ман дар хориҷа ба сар мебурдам, имкони дар Тоҷикистон консерт баргузор карданро надоштам.

Суол: -Дар соли оянда чӣ нақшаҳо ва орзуҳо доред?

Шабнам: -Иншооллоҳ, дар соли оянда кӯшиш хоҳам кард, ки бештар дар ватан консерт намоиш диҳам. Дар соли нав барои шунавандагони азиз хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу мекунам.
XS
SM
MD
LG