Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 8 сарбоз дар Туркия дар робита бо сӯиқасд


Дар Туркия 8 сарбоз дар робита бо иддаои сӯиқасд ба ҷони Булент Аринч-муовини нахуствазири ин кишвар боздошт шудаанд. Ситоди умумии артиши Туркия дар изҳороте мегӯяд, ки ин сарбозон баъд аз бозпурсии додситонӣ рӯзи шанбе ба ситоди артиш дар Анкара интиқол дода шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия рӯзи шанбе бо Илкер Басбуг-фармондеҳи нируҳои мусаллаҳ мулоқот кард. Дар изҳороти ҳукумат гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот аз "амнияти дохилӣ ва хориҷӣ" изҳори нигаронӣ шудааст. Дар бораи ин мулоқот тафсилоти бештар ба нашр нарасидааст. Аммо Низомиёни Туркия даст доштан дар ҳар гуна сӯиқасдро бо ҷалби аъзои ҳизби исломгарои Эрдуғон рад кардаанд. Артиш худро ҳомии низоми дунявии Туркия медонад ва аз соли 1960 то ҳол 3 ҳукуматро аз сари қудрат дур кардааст.
XS
SM
MD
LG