Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хотираи Беназир Бҳутторо гиромӣ доштанд


Ҳазорон нафар дар рӯзи сӯқасди фоҷеабор ба ҷони хонум Беназир Бҳутто-нахуствазири собиқи Покистон хотираи вайро гиромӣ доштанд. Ҳукумати Покистон дар дуввумин соли сӯиқасд ва куштори хонум Бҳутто раҳбарии ин маросимҳоро бар ӯҳда дошт. Хонум Бҳутто нахустин нахуствазири зан буд, ки мехост дар интихобот ширкат кунад. Ба ин хотир вай аз хориҷ ба ватанаш баргашта буд. Вале 27-ӯми декабри соли 2007 дар шаҳри Равалпиндӣ баъд аз суханроние дар гирдиҳамоии ҷонибдоронаш дар сӯиқасде ҳадафи тир қарор гирифт. Имрӯз Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳур ва шавҳари Беназир Бҳутто бо Юсуф Разо Гилонӣ-нахуствазири кишвар дар деҳи Гаҳрӣ Худобахш дар сари қабри Беназир чанбарҳои гул гузоштанд.
XS
SM
MD
LG