Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Теҳрон ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд


Бино ба хабарҳои мунташира дар сомонаҳои мухолифони давлати Эрон, нируҳои амниятӣ дар Теҳрон ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушодаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, 4 нафар дар ин тирандозӣ кушта шудаанд. Хабари сомонаи "Роҳе Сабз"-ро манобеи мустақил таъйид накардаанд. Қаблан шоҳидони айнӣ гуфта буданд, ки нируҳои амниятӣ ва пулис бар зидди ҳазорон нафар тазоҳуркунанда, ки мехостаанд ба маркази Теҳрон роҳ ёбанд, аз гази ашковар ва чӯбдастҳо истифода кардаанд. Имрӯз дар Эрон ҳамчунин рӯзи аслии Ошӯро ва маросими "Ҳафт"-и даргузашти оятулло Мунтазирӣ-яке аз мунаққидони режими кунуниро баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG