Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи порламонӣ дар Ӯзбекистон


Кумиссиюни марказии интихоботии Ӯзбекистон дар бораи ширкати зиёди райдиҳандагон дар интихоботи имрӯзи порлмонии ин кишвар хабар додааст. То соати 13:00 ба вақти мҳаллӣ 57 дарсади аҳолии қобили рай дар интихобот ширкат кардааст. Дар ин кишвар шумораи умумии интихобкунандагон ба 17 миллион нафар мерасад. Онҳо 150 нафар намояндаи худро ба Маҷлиси Олӣ, яъне ба маҷлиси поёнии порламон интихоб мекунанд. Дар ин интихобот 4 ҳизби сисёсӣ, ки аз Ислом Каримов ҳимоят мекунанд, ширкат доранд. Онҳо ҳизбҳои Либерал-Демократ, Ҳизби Халқӣ-Демократии Ӯзбекистон, Ҳизби Миллӣ Тикланиш (Эҳёи Миллӣ) ва Ҳизби Сотсиал-Демократи "Адолат" мебошанд. Дар порламони кунунӣ низ ҳамаи ин ҳизбҳо нмояндагони худро доранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ аз сиёсати Ислом Каримов интиқод накардаанд. 15 курсии дигар барои ҳизби нави "Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбекистон" дар назар гирифта шудааст. Ислом Каримов 20 соли пеш бар сари қудрат омада буд. САҲА аз фиристодани нозирони худ ба ин интихобот даст кашид.
XS
SM
MD
LG