Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзноманигори озарӣ аз зиндон раҳо мешавад


Раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст, вай Мусфиқ Ҳусенов-рӯзноманигори мухолифонро, ки бештар мақолаҳои интиқодӣ менавишт, авф мекунад. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ин рӯзноманигор барои мақолаҳои интиқодиаш зиндонӣ шуда буд. Ҳусенов аз ҷумлаи 99 нафаре ба шумор мервад, ки президент Илҳом Алиев онҳоро авф кардааст. Ҳусенов хабарнигори рӯзномаи "Бизим Йӯл"-и мухолифон аст ва дар соли 2008 барои гирифтани ришва 6 сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Хешовандони Ҳусенов мегӯянд, ки вай аз бемории сил ранҷ мебарад ва вақтҳои ахир саломатиаш хуб нест. Ахиран порламони Аврупо зиндонӣ кардани рӯзноманигорони мухолифон дар Озарбойҷонро ба боди интиқод гирифт.
XS
SM
MD
LG