Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти Лондон баъд аз талоши инфиҷори ҳавопаймо


Пулиси Лондон мегӯяд, онҳо амалиёти ҷустуҷӯро дар пойтахти Британия идома медиҳанд. Ин амлиёт дар ҳоле анҷом мегирад, ки мақомоти интизомии Амрико гуфтаанд, ҳангоми парвози як ҳавопаймо ба Амрико аз талоши ҳамлаи терорристӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Сухангӯи пулиси Лондон таъйид кард, ки пулиси Лондон баъд аз талоши ин амали террористӣ дар ҳавопаймо бо мақомоти Амрико дар тамос мебошанд. Аз ин шахси шубҳанок Абдулфаррух Абдулмуталлаб ном бурда мешавад. Ҳавопаймои парвози Амстердам-Детройт баъд аз боздошти вай бо 278 мусофир ва 11 халабон бидуни осеб дар фурудгоҳи Детройт ба замин нишаст. Бино ба гузоришҳо, танҳо ин марди шубҳаовари ҳабаш худаш аз оташ ҷароҳати ҷиддӣ бардоштааст. Кохи Сафед мегӯяд, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дастур додааст, ки дар ҷараёни парвоз тадобири амниятӣ тақвият ёбад.
XS
SM
MD
LG