Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 10 нафарро ба вакилии Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кард.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар муаррифии ин рӯйхат гуфт, ҳизбаш бо он вуҷуд, ки мушкили молӣ дорад, майдонро барои ҳарифонаш холӣ нахоҳад гузошт, то бар ӯ пирӯз шаванд:
«Бо як – ду нафар ворид шудан ба сабқати интихоботӣ ба он маънист, ки дар майдони футбол алайҳи 11 нафар бо ду нафар ворид мешавӣ ва даъвои гол задан мекунӣ. Гол не, дар ҷоятон мехобонанд. Бояд дар фикри он набошем, ки чанд нафарамон мегузарад. Ҳадаф бояд ба мардум расонидани андешаҳои мо бошад, ки таърих дубора бо бӯҳрони молӣ сиҳатии онҳоро собит мекунад»

Оқои Шабдолов гуфт, номзадҳои Ҳизби коммунист аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ва маҳалҳо дастҷамъона мубориза хоҳанд бурд, то ҳузурашонро дар парлумон ва маҷлисҳои ноҳиявию вилоятӣ тақвият диҳанд.

Анҷумани 28 – уми Ҳизби коммунист бо ширкати 67 вакил баргузор шуд. Вакилон лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ҳизбро тасдиқ карданд, ки тибқи он, онҳо сиёсати иқтисоди плонӣ ё нақшавиро бар монетарӣ ё пулӣ арҷ гузошта, модели сиёсию иқтисодии Чинро дар Тоҷикистон тарғиб хоҳанд кард. Ба қавли раиси ин ҳизб, бӯҳрони молияии ҷаҳонӣ собит кард, ки танҳо иқтисоди Чин солим аст ва бақия иқтисодҳои ҷаҳонӣ сиҳат надоранд.

Дар раъси феҳристи Ҳизби коммунист худи Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунист меистад. Аз паи ӯ муовинаш Исмоил Талбаков, Ғуфрон Рустамов (раиси созмони Ҳизби коммунист дар Суғд), Азимҷон Насимов (доктори улуми педагогӣ), Шариф Сафаров (устоди Донишгоҳи Қӯрғонтеппа), Ҳайдаршо Пирумшоев (доктори улуми таърих), Шамсиддин Раҳимов (раиси созмони Ҳизби коммунисти Файзобод), Икромиддин Неъматов (иқтисоддон), Юсуф Ҷаъфаров (тоҷир) ва Заррагул Мирасанова, узви раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба сабқати интихоботӣ хоҳанд рафт.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баъд аз ҳизби ҳукмрон дуввумин ҳизби парлумонист, ки дар Маҷлиси намояндагон 3 намоянда дорад.

Дар интиҳои анҷуман коммунистҳои Тоҷикистон 80 - солагии таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва 130 – солагии Иосиф Сталин аз раҳбарони аршади давлати Шӯравиро таҷлил карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG