Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 ҳизби дигар номзадҳои худро пешбарӣ карданд


Имрӯз дар Душанбе анҷуманҳои се ҳизб, яъне Ҳизби Халқӣ-Демократӣ, Ҳизби Куммунист ва Ҳизби Демократи Масъуд Собиров баргузор шуд. Ин анҷуманҳо феҳристи номзадҳои ҳизбиро барои ширкат дар интихобот муаррефӣ карданд. Аз Ҳизби Ҳоким 22 нафар, аз Ҳизби Кумунист 10 нафар ва аз Ҳизби Демократ 9 нафар дар феҳрист ҷой гирифтанд. Қаблан Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 22 нафар, Ҳизби Сотсиал-Демократ 22 нафар ва Ҳизби Сотсиалист 12 нафарро ба феҳристҳои ҳизбии худ ворид карда буданд. Ҳизби ҳоким соли ҷорӣ дар анҷумани худ муовинонашро тағир дод ва чанд чеҳраи навро ба порлмон муаррефӣ кард. Дар ин бора Мусо Асозода-раҳбари ин ҳизб дар шаҳри Душанбе чунин гуфт:

"Ҳар ҳизб мехоҳад, намояндагоне, ки пешбарӣ кардааст, онҳо ғолиб бароянд. Имрӯз мо дар анҷуман шоҳиди он будем, ки раиси ҳизби мо ба хулоса омаданд, ки дар ҳизб аз муовини аввал шуруъ шуда, бояд тағирот ворид карда шавад ва ин бояд натиҷаи хуб диҳад".

Ҳизбҳои дигар низ дар ҳамин рӯзҳо барои пешбарии номзадҳояшон анҷуманҳои худро баргузор мекунанд. Ҳизби Аграрӣ ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ дар арсаи сиёсии Тоҷикистон нируҳои нав ҳастанд ва бори аввал дар интихоботи порламонӣ ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG