Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО навори Толибонро маҳкум кард


Нируҳои зери фармондеҳии паймони НАТО дар Афғонистон навори видеоиеро, ки аз сӯи Толибон пахш шуд, маҳкум карданд. Дар ин навор як сарбози амрикоӣ нишон дода мешуд, ки тобистони ҳамин сол дар Афғонистон дастгир шуда буд. Дар эъломияи Нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ гуфта мешавад, ки тасмими Толибон дар бораи пахши ин навор дар рӯзи ҷумъа ва рӯзи иди Милоди Масеҳ таҳқири хонаводаи ин сарбоз ва нишонгари бадбинии суннатҳои мазҳабӣ ва таълимоти исломист. Дар ин эъломия омадааст, сарбоз Боув Бергалиро маҷбур кардаанд, ки матнро дар навор қироат ва аз амалиёти нируҳои амрикоӣ дар Афғонистон интиқод кунад. Волидайни ин сарбоз аз Толибон дархост кардаанд, ки фарзанди онҳоро раҳо кунанд. Дар навори Толибон сухангӯи онҳо таъкид кардааст, ки дар ивази раҳоии ин сарбози 23-сола шӯришиёни боздоштшудаи Толибонро озод кунанд,
XS
SM
MD
LG