Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрд бо тазоҳуркунандагон дар Теҳрон


Бино ба гузоришҳо, нируҳои амниятии Эрон дар Теҳрон бо тазоҳуркунандагони мухолифон вориди задухӯрд шудаанд. Эътирозкунандагон бо истифода аз як суннати мазҳабӣ даст ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ задаанд. Шоҳидони айнӣ ба бахши "Фардо"-и радиои Озодӣ гуфтаанд, нируҳои пулис ва басиҷиён ба кӯчаву хиёбонҳо рехтаанд, то аз гирдиҳамоии афроди бештари ҷонибдори эътирозкунандагон пешгирӣ кунанд. Дар бораи тазоҳуроти эътирозӣ дар шаҳри Машҳад низ гузоришҳо пахш шудаанд. Ин тазоҳурот дар ҳоле анҷом мегирад, ки Эрони шиа рӯзи Ошуро, яъне рӯзи шаҳодати имом Ҳусейнро баргузор кард.
XS
SM
MD
LG