Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравҳо куштори Сисоевро бар ӯҳда гирифтаанд


Тундравҳои исломии Қафқози Шимолӣ иддао кардаанд, ки масъулияти куштори моҳи гузашта дар калисои Ортодокси Русро бар ӯҳда доранд. Як сафҳаи интернетӣ бо номи Kavkazcenter.com, ки ба шӯришиёни чечении тааллуқ дорад навиштааст, Даниэл Сисоевро марде куштааст, ки ба Доку Умаров савганди вфодорӣ ёд кардааст. Умаров худро раҳбари ба истилоҳ "Аморати Қафқоз" эълон кардааст ва ҳадафаш муттаҳид сохтани гурӯҳҳои шӯришии исломӣ дар Қафқози Шимолӣ ва ҷорӣ кардани шариати ислом дар ин минтақа аст. Сисоев, ки яке аз мутаққидони ошкори ислом ба шумор мерафт, дар Маскав дар масҷиди худаш ба дасти як ҳамлагари номаълум ба қатл расид.
XS
SM
MD
LG