Пайвандҳои дастрасӣ

Террорист боздошт шуд, ҳавопаймо ба замин нишаст


Дар ҳавопаймое дар шаҳри Детройти Амрико, ки 278 мусофир дошт, аз талоши як мард барои тарконидани ҳавопаймо ҷилавгирӣ карданд. Ин ҳавопаймо аз Амстердам ба Детройт парвоз дошт.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ҳангоме, ки ҳавопаймо ба Детройт наздик мешуд, ин марди шубҳаовар талош кардааст чизеро тарконад, вале вайро мусофирон ба итоати худ дароварданд. Риччел Кипен, мусофири ин ҳавопаймо чунин мегӯяд:

"Мо дар нишастгоҳҳои ахири ҳавопаймо будем ва ногаҳон садоҳои доду фарёдро шунидем, сарнишинони ҳавопаймо худро яктарафа гирифтанд. Мо медидем, ки бо чеҳраҳои тарсхӯрда мусофирон таҷҳизоти оташнишониро ба даст мегирифтанд. Мо бӯи дудро эҳсос кардем ва дидем, ки касе дар нишстгоҳи пеш оташе рӯшан кардааст. Ман намедонам, вай худашро оташ мезад ё чизи дигареро оташ зада буд, ки шӯълааш аён буд".

Бино ба гузоришҳо, ин марди шубҳаовар аз оташ худаш ҳам ҷароҳати ҷиддӣ бардоштааст.

Кохи Сафед мегӯяд, Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, дастур додааст, ки дар ҷараёни парвоз тадобири амниятӣ тақвият ёбад. Петер Кинг, узви Конгресси Амрико гуфт, ин марди шубҳаовар шаҳрванди 23-солаи Нигерия аст ва бо шабакаи террористии ал-Қоида иртибот доштааст.

Ҳавопаймои парвози Амстердам-Детройт баъд аз боздошти вай бо 278 мусофир ва 11 халабон бидуни осеб дар фурудгоҳи Детройт ба замин нишаст.
XS
SM
MD
LG