Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Квотаҳо"-и аҳзоб барои занон дар интихобот


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадии 4 нафар занро барои сабқати интихоботи порлумонӣ пешниҳод кардааст
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадии 4 нафар занро барои сабқати интихоботи порлумонӣ пешниҳод кардааст

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо пешниҳоди феҳрасти номзадҳои худ барои корзори интихоботи порлумонии моҳи феврал дар рӯйхатҳои худ теъдоди ками занонро пешниҳод кардаанд.

Тибқи маълумоти дарёфтӣ, дар миёни аҳзоби бонуфуз теъдоде аз занон барои ширкат дар интихобот пешбарӣ шудаанд. Аз Ҳизби сотсиал-демократ 5 нафар зан ба унвони номзад пешниҳод шудааст, Ҳизби наҳзати исломӣ - 4 нафар ва Ҳизби сотсиалистӣ 2 нафарро дар феҳрасти худ ҷой додаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба фарқ аз интихоботи соли 2005 номи як зани дигарро ба рӯйхат ворид кардааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар мавриди шумори ками занон дар феҳрасти ҳизби худ мегӯяд, дар овоздиҳии пӯшидае, ки дар шӯрои ин ҳизб барои таҳияи рӯйхат доир гардидааст, занон натавонистаанд ҳатто вориди даҳгонаи аввали ин рӯйхати 22-нафарӣ шаванд.

Раҳбари ҲНИТ мутмаин аст, ки бояд дар оянда худи занони талош кунанд ва заҳмати бештар бикашанд, ки ҷойгоҳи баландтареро дар кори ҳизбӣ ба даст биоранд. Вай мегӯяд, «чун мо агар ҳар қадаре, ки эшонро ба квота одат кунонем, ҳамон қадар дар чаҳорчӯбаи ин квота боқӣ мемонанд ва дигар бо бародарон рақобат карда наметавонанд. Хуб аст, онҳо эҳсос кунанд, ки дар сиёсат бояд ба мардон баробар рақобат кунанд ва ҷойгоҳи хешро касб намоянд».

Зарафо Раҳмонӣ, як фаъоли ҲНИТ, бори дуввум аст, ки аз сӯи ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ пешниҳод мешавад
Зарафо Раҳмонӣ, як нафар зани фаъоли ин ҳизб, ки дар рӯйхати даҳум пешниҳод шудааст, мегӯяд, дар барномаҳои пешазинтихоботии хеш, аз ҷумла расидан ба ҳадафҳои дарпешистодаи ҲНИТ, расидагӣ ба мушкилоти ҳуқуқии фитрии шаҳрвандон ва масоили иҷтимоӣ бо интихобкунандагон ҳарф хоҳад зад, то сазовори боварии интихобкунандагон гардад.

Хонум Зарафо аз зумраи он занонест, ки дар интихоботи соли 2005 низ аз ҲНИТ иштирок карда буд ва то ҷойе аз рақобатҳо таҷриба ҳам дорад. Вай мегӯяд, ифтихор медонад, ки ҳизб ӯро дубора ба номзадӣ пешниҳод кардааст ва барномаи пешазинтихоботии ӯ низ аз барномае, ки роҳбари ин ҳизб дар анҷумани ҳизбӣ муаррифӣ кардааст, маншаъ мегирад.

Вале Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки ба қавли таҳлилгарон, аз аҳзоби камнуфуз ба шумор меравад, бинобар надоштани тавони пардохти гаравпулии интихоботӣ танҳо бо пешниҳоди ду зан иктифо кардааст. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ, мегӯяд, ки ҳарчанд ҳузури занон феҳристи ҳизбаш кам аст, вале дар ҳавзаҳои вакилии шаҳрӣ занон бештар ворид мешаванд.

Дар ҳоле, ки раиси ҲСТ сабаби камнуфузии занон дар рӯйхати ҳизбиро ба гаравпулии интихоботӣ рабт медиҳад, Ҳизби сотсиал-демократ ба маҳбубияти занон дар ҷомеаи имрӯзи кишвар афзалият дода, аз ин зовия ба интихоби занон дар феҳрасти худ муносибат кардааст.

Файзиниссо Воҳидова, ки аз ҲСДТ пешниҳод шудааст, бар ин назар аст, ки «дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ба занон ҷойгоҳи арзандаро намедиҳанд ва занон аз ҳеҷ мақоми шоиставу маҳбуб дар сохторҳои давлатӣ бархӯрдор нестанд, ба ҷуз он чанд зане, ки таъинӣ интихоб мешаванд. Барои ҳамин занон майли иштирок ба чунин маъракаҳои тақдирсозро надоранд». Хонум Воҳидова мегӯяд, ки агар вориди порлумон шавад, аз ҳама бештар ба масоили вазъи муҳоҷирони тоҷик ва вазъи ҳуқуқии занон дахл хоҳад кард.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, бар ин назар аст, ки шумори занони омода барои рақобат бо номзадҳои мард дар интихоботҳо чандон зиёд нест
Ин дар ҳолест, ки ба андешаи муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов, одатан занон мехоҳанд, ки дар муборизаҳои интихоботӣ ҷойгоҳи вижаеро дар канори номзадҳои марди ширкатдори интихобот дошта бошанд, ки чизест ҳамсон бо квота. Ва шумори занҳои фаъоле, ки боҷуръату огоҳ буда, омода ҳастанд вориди рақобати пурраву ҳамаҷониба бо мардон шаванд, чандон зиёд нест. Маъмулан ин гуна занҳо ба ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ мансубият надоранд.

Ба қавли таҳлилгарони масоили сиёсӣ, дар феҳрастҳои аҳзоби сиёсӣ номҳоеро ба мисли Зарафо Раҳмонӣ, Файзиниссо Воҳидова ва Дилбар Самадова дидан мумкин аст, ки дар миёни қишри сиёсии ҷомеа то ҳадде шинохта шудаанд. Вале боқӣ аз худ ба унвони фаъоли ҷамъиятӣ ё сиёсӣ дарак надодаанд.

Раъно Охунова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Зан ва интихобот» мегӯяд, шароите ки имсол фароҳам оварда хоҳад шуд, беҳтару хубтар аз муҳити сиёсии солҳои пешин буда ва ин як шонсеро фароҳам хоҳад овард, ки занони маъруф ва бонуфуз, ба мисли Мӯътабари Раштӣ (Ҳуринисо Ғафурова), ба курсиҳои порлумон соҳиб шаванд. Вале масъала ин аст, ки аҳзоби сиёсӣ масъалаи ҳузури занҳоро дар интихобот ба сурати умум ҷиддӣ нагирифтаанд.

Хонум Охунова меафзояд, «шояд ҳизбҳо занони фаъолро дар дохили худ надоранд ва ё ба занон мавқеъ намедиҳанд. Ман намефаҳмам, ки чаро ин тавр нест. Агар надоранд, занони хубро интихоб кунанд ва тарбия кунанд. Ҳеҷ кас барои онҳо кадри тайёр намеравад. Барои мисол ҲНИТ метавонист исми Зарафо Раҳмониро дар ҷойи севвум ва ё чаҳорум мегузошт».

Ба ин тартиб, ҳизбҳои демократ ва кишоварзии Тоҷикистон, ки бояд рӯзҳои наздик анҷуманҳои худро доир кунанд, ҳар як ният доранд номзадии ду занро вориди феҳрасти ҳизбии интихобот созанд.
XS
SM
MD
LG