Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз мавлуди Исои Масеҳ дар саросари ҷаҳон


Мардуми бисёре аз кишварҳои ҷаҳон имрӯзҳо аз мавлуди Исои Масеҳ таҷлил мекунанд. Попи Рум, Бенедикти 16 ҳамроҳ бо ҳазорон нафар дар Ватикон намози ид гузошт ва паёми сулҳу оромишу муҳаббат пахш кард. Ҳангоми ба сӯи минбар рафтанаш, зане аз миёни издиҳом ба поп ҳамла кард ва ӯро аз пой афтонд. Ватикон мегӯяд, аз ин густохӣ поп осебе надидааст. Қарор аст, имрӯз дар Ню Йорк паради мавлуди Масеҳ баргузор шавад. Аммо дар бисёре аз кишварҳо насрониён мекӯшанд, идро бе тантана ва дар ҳалқаи хонавода пешвоз гиранд.
XS
SM
MD
LG