Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони беҳтарин варзишгарони соли Тоҷикистон


Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2009-ро муайян кард. Далер Сайфиддинов, Набимуҳаммад Хоркашев, Эраҷ, Дилшод Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Сабина Тағойназарова ,Фаррух Амонатов ва дигарон ба ин номгӯй шомил шуданд. Дабири кулли ин созмон, Фарид Солеҳов ба хабарнигорон гуфт, ин теъдод аз миёни 34 нафар бо назардошти дастовардҳояшон интихоб гардид. Дар ҳамин ҳол, соли 2009 барои варзиши Тоҷикистон хабари ногувор ҳам дошт, аз ҷумла тарки Тоҷикистон кардани варзишгари машҳури дзюдо, барандаи ҷоизаи биринҷии Олимпиадаи Пекин, Расул Боқиев, ки акнун аз номи Русия ба майдон мебарояд.
XS
SM
MD
LG