Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти сарбози таҷовузгар


Додгоҳи гарнизони ҳарбии Хоруғ Уктам Маркаев, як сарбози қисми марзбонии воқеъ дар ноҳияи Дарвозро ба мӯҳлати се сол равонаи зиндон кард.

Ин сарбоз ба он муттаҳам мешавад, ки як ҳамхизмати худро бо роҳи зӯроварӣ ба кирдори дорои хусусияти шаҳвонӣ маҷбур кардааст. Тафтишот собит сохтааст, ки Уктам Маркаев ҳангоми таъин шудани сардори гурӯҳи навбатдорӣ дар қароргоҳи автомобилии дохили қисм бо истифода аз ваколат сарбози навдаъватшударо барои қонеъ сохтани нафси шаҳвонӣ таҷовуз намудааст.

Ба гуфтаи муовини додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ Хуршед Мустафоқулов, аммо ҷиноятро кормандони мақомоти додситонӣ ҳангоми тафтиши вазъи сарбозон дар госпитали ҳарбӣ ошкор кардаандд. Вай гуфт, ки ҷабрдида бо нишонаи бемории равонӣ бистарӣ гардида, аммо ҳангоми пурсуҷӯ иқрор кардааст, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтааст.

Чанд сол қабл додгоҳи ҳарбӣ як афсари қисми марбути Вазорати дифоъ, воқеъ дар наздикии маркази ноҳияи Дарвозро ба иттиҳоми маҷбуркунии сарбози зердаст ба амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ ба мӯҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Дар ин маврид ҳодисаи табъизи ҷинсӣ ҳангоме ошкор гардид, ки сарбоз ҳангоми фирор ба хона дар ағбаи Хобурубот дастгир шуд.

Ба иттилои манобеи додситонӣ, аммо аз ин пеш як гурезаи ҷанги дохилӣ, ки аз Афғонистон баргашта, ба ҳайси афсар дар қисми навтаъсиси Вазорати дифоъ дар ноҳия ба фаъолият пардохтааст, ба даст доштан дар ҳодисаҳои таҷовузкорӣ муттаҳам шуд, вале ба далели сабт нашудани ҷиноят парвандаи ҷинои нисбати афсар қатъ шуда, ӯ аз хизмат дар артиш озод шудааст.

Ҳамчунин моҳе қабл дар ноҳияи Рушон як сарбоз ду ҳамхизматашро ҳадафи тир қарор дод, аммо мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки таҳқиру тавҳини телефонии аъзои хонаводаи сарбоз аз ҷониби ҳамхизматонаш боиси хашм ва кор гирифтани сарбоз аз силоҳи оташфишон шудааст.
XS
SM
MD
LG