Рӯзи якшанбеи 27-уми декабр дар Узбакистон интихоботи палатаи поёнии порлумони ин кишвар баргузор мешавад. Дар ин раъйдиҳӣ 135 вакили оянда муайян хоҳанд шуд. 15 курсӣ дар маҷлиси нав ба Ҷумбиши экологии Узбакистон тақдим шудааст, ки моҳи августи соли равон ба саҳна омад. Қарор аст, ин гурӯҳи экологҳо аз дохили порлумони Узбакистон бар зидди тарҳҳои обу энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон мубориза кунанд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматулло Зоиров, пешниҳод кардааст, ки дар муқобили ин ҷиноҳ аз ҳисоби ҳуқуқшиносони ҳизби ӯ дар порлумони Тоҷикистон гурӯҳи дифоъ таъсис дода шавад. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон охири феврали соли оянда баргузор хоҳад шуд.Аз Тоҷикистон ба интихоботи Узбакистон ба ҳайси нозир се нафар фиристода шудаанд.