Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигарандеши машҳури Чин барои 11 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи Чин дигарандеши машҳур, Лию Ксяоборо бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳукумат ба 11 соли ҳабс маҳкум кард. Лию, ширкаткунандаи тазоҳуроти Тянанмен дар соли 1989 муаллифи "Қатъномаи 08" ба озодии баён, ҳуқуқи инсон ва интихоботи озод даъват мекард. Ӯро дар робита бо ин қатънома дар соли гузашта боздошт карданд. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо аз Чин хостанд, Лию озод карда шавад, вале ҳукумати таҳти сарварии коммунистҳо дар Чин ин даъватро ҳамчун мудохила дар умури худ рад кард.
XS
SM
MD
LG