Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Покистон барои нахустин бор эълом доштанд, ки дар бахши низомӣ ҳамкорӣ мекунанд ва алайҳи терроризму ифротгароӣ ба таври муштарак мубориза хоҳанд кард.

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби сафари расмияш ба Исломобод, рӯзи панҷшанбе бо раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Покистон Тариқ Маҷид ва фармондеҳи артиши ин кишвар генерал Ашраф Парвиз Киёнӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар, аз ҷумла, дар мубориза бо терроризму ифротгароиро баррасӣ намуд. Тасмим гирифта шуд, ки Покистон дар омӯзониш ва тамрини нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.
Ҳарду низомии воломақом ба зарурати таъмини оромиву субот дар Афғонистон таъкид карданд, зеро аз нигоҳи онҳо, Тоҷикистону Покистон фақат дар ҳоле худро амн эҳсос хоҳанд кард, ки ба ҷангу ҷидол дар Афғонистон поён ёбад...


Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон ба воситаи телефон аз аз Исломобод дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мулоқоти аввалӣ ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои низомии ду кишвар дар миён буд ва Тариқ Маҷид таъкид намуд, ки Покистон барои таъмини артиши Тоҷикистон бо маводи зарурӣ, таълиму тадриси афсарони ояндаи тоҷик ва ба омӯзиши забонҳо фаро гирифтани онҳо омода аст.

Дар гуфтугӯи вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо генерал Ашраф Парвиз Киёнӣ асосан рӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ тамаркуз шуд. Зубайдуллоҳ Зубайдов гуфт, ки “ҳарду низомии воломақом ба зарурати таъмини оромиву субот дар Афғонистон таъкид карданд, зеро аз нигоҳи онҳо, Тоҷикистону Покистон фақат дар ҳоле худро амн эҳсос хоҳанд кард, ки ба ҷангу ҷидол дар Афғонистон поён ёбад”.

Дипломати тоҷик афзуд, ки “дар ин мулоқот аз баррасии мавзӯи мубориза бо қочоқи маводи мухадир ҳам сарфи назар нашуд ва ҳарду ҷониб андешидани чораҳои шадидтар алайҳи омилони ин ҷиноятро зарур хонданд”.

Зубайдуллоҳ Зубайдов гуфт, ки вазири дифоъи Тоҷикистон ва сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ бештар атрофи мавзӯъи рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар сӯҳбат карданд. Сарвазири Покистон иброз намуд, ки Исломобод равобити наздику дӯстона бо Тоҷикистонро басо муҳим мехонад. Ӯ мутмаин аст, татбиқи чанд тарҳи бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла, бунёди роҳ аз тариқи долони Вахон ва ноҳияи Ишкошим, ки Тоҷикистону Покистонро тавассути Бадахшони Афғонистон бо ҳам мепайвандад ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ба рушди иқтисоди ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш Шералӣ Хайруллоев ва вазири дифоъи Покистон Аҳмад Мухтор Чоудрӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои миёни ду вазоратро баррасӣ ва санадеро дар ин бора имзо карданд. Онҳо сари мавзӯъи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва саҳмгирӣ дар таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла, дар Афғонистон ҳам тамаркуз карданд. Тасмим гирифта шуд, ки миёни вазоратҳо табодули ахбор дар бахши мубориза бо терроризм ба роҳ монда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG