Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум аз ҳамлаи зан осебе надидааст


Ватикан мегӯяд, попи Рум Бенедикти 16 шоми дирӯз аз ҳамлаи як зан зоҳиран бидуни осеб берун шудааст.
Ин зан попи Румро дар ҷараёни маросиме, ки дар арафаи Мавлуди Масеҳ дар майдони Пётри муқаддас сурат мегирад, тела дода, аз по афтонд. Вале попи 82-сола зуд ба по шуда, роҳаш ба сӯи минбар ва иҷрои маросимро идома дод.
Вале Бенедикти 16 дар маъвизааш ба ин ҳодиса ишорае накард. Сухангӯи Ватикан гуфт, зане, ки баъдан боздошт шуд, зоҳиран мушкилоти равонӣ дорад.
Бар асари ҳамлаи ин зан як роҳиби дигари аршади калисои католикии Рум, ки аз Фаронса омада буд, низ аз по уфтода, барои ташхис ба бемористон мунтақил шудааст.
XS
SM
MD
LG