Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз саҳмияҳои Роғунро муаррифӣ мекунанд


Вазорати молияи Тоҷикистон ва “Амонатбонк” имрӯз дар Душанбе расми муаррифии саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғунро баргузор мекунанд. Қарор аст, ин саҳмияҳо бо қимати номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз рӯзи 6 январ вориди муомилот шаванд. Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дирӯз 6 январро рӯзи ваҳдати сокинони пойтахт эълон ва аз мардум даъват кард, дар ин рӯз ба таври фаъолона ба харидани саҳмияҳои Роғун шурӯъ кунанд. Қарор аст, рӯзи 6 январ дар ҳамаи 4 ноҳияи Душанбе расми мутантани фурӯши саҳмияҳои 5000-сомонӣ барпо шавад. Сухангӯи шаҳрдорӣ Шавкат Саидов гуфтааст, бино бар ҳисоби онҳо, ҳудуди 30 000 нафар аз сокинони Душанбе қодир ба харидани ин саҳмияҳо ҳастанд.
XS
SM
MD
LG