Пайвандҳои дастрасӣ

Густохии як зан попи Румро аз по афтонд


Ватикан мегӯяд, попи Рум Бенедикти 16 дар ҷараёни ҳамоиши суннатие, ки дар арафаи Мавлуди Масеҳ дар майдони Пётри муқаддас сурат мегирад, ҳадафи ҳамлаи як зан қарор гирифта, аз по уфтод. Сухангӯи Ватикан гуфт, попи 82-сола зуд ба по шуд ва осебе надидааст. Баъди ин ҳодисаи шоми панҷшанбе, бино ба хабарҳо, Бенедикти 16 роҳашро ба сӯи минбар идома дод ва ба мавъизаи идона шурӯъ кард.
Сухангӯи Ватикан мегӯяд, зане, ки попи Румро тела дод, зоҳиран мушкилоти равонӣ дорад ва аз ҷониби пулиси Ватикан боздошт шудааст. Бар асари ҳамлаи ин зан як роҳиби дигари аршади калисои католикии Рум низ аз по уфтода, барои ташхис ба бемористон мунтақил шудааст.
XS
SM
MD
LG