Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Русия солро ҷамъбаст кард


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар нахустин мусоҳибаи ҷамъбасти солаш тавассути телевизион бархе паҳлуҳои сиёсати давлати худро рӯшан кардааст.
Медведев дар қиболи созишномаи ҷадиди коҳиши таслиҳоти стротежӣ, ки музокироти он миёни Русияву Амрико ҳанӯз идома дорад, гуфт, байни Маскаву Вошингтон бархе ихтилофоти муҳими назар боқӣ мондаанд, вале ӯ хушбин аст, ки тавофуқ бар сари ин паймон ба зудӣ ба даст хоҳад омад.
Медведев ҳамчунин гуфт, Русия барномаи рушди насли нави мушакҳои ҳастаияшро идома хоҳад дод ва артиш дар зарфи 10 соли оянда бо таслиҳоти ҷадид таъмин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG