Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоҷиёни тоҷик, ба истиснои ду тан, ҳама баргаштанд


Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Ҳаҷҷ ахиран ба поён расид. Охирин ҳавопаймои ҳомили ҳоҷиён шаби чоршанбе дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон пойин шудааст. Рафту бозгашти зоирони тоҷик ба Арабистони Саудиро ширкатҳои “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр” бар ӯҳда доштанд, ки танҳо барои овардани ин мардум 22 парвоз анҷом додаанд.
Феълан аз 5246 зоири тоҷик, ки имсол мустақиман аз Тоҷикистон ба Маккаву Мадина рафтанд, танҳо ду зоири дар он мавокини муқаддас маризшуда дар Саудия боқӣ мемонанд.
Ҳудуди 2000 зоири дигар аз Тоҷикистон имсол тавассути Қазоқистон ба Ҳаҷ рафта будаанд.
XS
SM
MD
LG