Пайвандҳои дастрасӣ

Сенат қонуни бимаи тиббии Амрикоро тасвиб кард


Сенати Амрико дирӯз қонуни бимаи тиббиро, ки президент Барак Обама пешниҳод карда буд, тасвиб кард. 60 вакили демократи Сенат ба ин тарҳ раъйи мувофиқ, вале 39 вакили ҷумҳурихоҳ ба он раъйи мухолиф додаанд.Як ҳадафи аслии ин қонун, ки ҳазинааш 871 миллиард доллар рақам зада мешавад, таҳти пӯшиши бимаи тиббӣ овардани даҳҳо миллион амрикоиест, ки то кунун бима надоштаанд. Таъмини ин мардум бо бима аз ваъдаҳои асосии Барак Обама дар корзори пешазинтихоботиаш буд ва таҳия ва тасвиб ва муҳимтар аз он иҷрои қонуни бимаи тиббиро таҳлилгарон як имтиҳони мушкил барои Обама мехонанд.
XS
SM
MD
LG