Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба ислоҳоти милиса амр дод


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҷиҳати ислоҳи низоми кори вазорати умури дохилии ин кишвар дастур дода, гуфтааст, ин иқдом як посухи лозим ба бадрафториҳои маъмурони милиса аст. Бар асоси қарори Медведев, сохтори вазорати умури дохила тағйир ёфта, то оғози соли 2012 панҷяки афсаронаш ихтисор карда хоҳанд шуд. Бояд шароити ба кор қабул кардани маъмурони милиса низ ислоҳ шуда, ба манзури ҷилавгирӣ аз фасод дар ин вазорат тадобири муассиртар андешида шавад. Медведев дар мавриди анҷоми ислоҳот дар низоми зиндонҳои Русия низ тааҳҳуд супурдааст.
XS
SM
MD
LG