Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сафорати Амрико аз қазияи қатли Павлюк


Сафорати Амрико дар Қирғизистон бо нашри як баёния дар бораи силсилаи рӯйдодҳои ваҳшиёна алайҳи хабарнигорон ва шореҳони сиёсӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин баёния вижатан ба қазияи хабарнигор Геннадий Павлюк таъкид шудааст, ки аз давлати Қирғизистон танқид мекард. Павлюкро ҳафтаи гузашта бо дасту пои баста аз айвони ошёнаи шашуми як бино дар Алма-Ато сарозер карданд ва ӯ ду рӯз қабл дар бемористон даргузашт.
Сафорати Амрико аз мақомоти Бишкек хостори таҳқиқи билофосила ва мӯшикофонаи ҳамлаҳову таҳдидҳо алайҳи журналистон ва шореҳони сиёсӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG