Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Меҳмонӣ"-и пурҳазинаи Роналду дар Узбакистон


Ба футболбози маъруфи тими миллии Португалия ва тими “Реал”-и Мадрид Криштиану Роналду барои боздиди якрӯзааш аз Узбакистон 600 000 евро пардохт кардаанд.
Роналду, ки субҳи сешанбе аз тариқи Швейтсария ба Тошканд омад, як муддатеро дар меҳмонии тими футболи “Бунёдкор” ба сар бурд ва сипас дар варзишгоҳи ин тим барои тақрибан 14 000 мухлиси гирдиҳамомада дарси футбол дод.
Бино ба хабарҳо, сафари Роналду ба Узбакистонро Ҳамоиши фарҳанг ва ҳунар, як сандуқи марбут ба Гулнора Каримова, духтари президенти Узбакистон Ислом Каримов, таъмини молӣ кардааст. Тими “Бунёдкор” низ, бино ба хабарҳо, ба Гулнора Каримова тааллуқ мегирад ва барои тамринаш мураббии маъруфи бразилӣ Луиз Фелипе Сколарӣ даъват шудааст. “Бунёдкор” то кунун футболбозони шинохтае, чун Самуэл Этоо, Кеск Фабрегас, Карлос Пуёл, Лионел Мессӣ ва Андрес Инйестаро дар Тошканд “меҳмонӣ” кардааст.
XS
SM
MD
LG