Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба зоирон дар шаҳри Ҳиллаи Ироқ


Имрӯз бар асари ду инфиҷор дар Ироқ дасти кам 13 нафар кушта ва тақрибан 70 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи мақомот, ҳамлаҳо алайҳи зоироне равона шуда буданд, ки ба иди асосии шиамазҳабҳо Ошура омодагӣ мегирифтанд. Ҳарду инфиҷор дар шаҳри Ҳилла, воқеъ дар 95-километрии ҷануби Бағдод, дар фосилаи 15 дақиқа рӯх доданд. Зимнан, таркиши дуввум замоне ба амал омад, ки кормандони полис аллакай ба ҷойи ҳодиса расиданд.
Маросимҳои аслии Ошура дар шаҳри муқаддаси Карбало рӯзи 27 декабр баргузор мешаванд. Ҳазорон зоирон аз имом Ҳусейн, набераи паёмбари ислом Муҳаммади мустафо, ёд меоваранд, ки дар қарни 7 дар шаҳри Карбало кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG