Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати ИМА тарҳи ислоҳоти ҳифзи сиҳатро пазируфт


Сенати ИМА тарҳи қонун дар бораи ислоҳоти сохтори ҳифзи сиҳатро пазируфт. Ба ин санад ҳамаи сенаторҳо аз Ҳизби демократ, ки дар Сенат аксариятро ташкил медиҳанд, раъй доданд. Аз ин пеш тарҳи қонун аз сӯи Маҷлиси намояндагон низ пуштибонӣ ёфта буд. Интизор меравад, тарҳи ниҳоии ислоҳоти сохтори ҳифзи сиҳати ИМА миёнаҳои моҳи январи соли оянда, баъди ҳамоҳанг сохтани он аз сӯи ҳар ду палатаи Конгресс, таҳия шавад.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ислоҳоти бахши ҳифзи сиҳатро аз авлавиятҳои сиёсати дохилии худ мехонад. Айни ҳол даҳҳо миллионҳо амрикоиҳо бимаи тиббӣ надоранд ва аз ин рӯ, аз дастрасӣ ба хадамоти муосири тиббӣ, маҳруманд.
XS
SM
MD
LG