Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари расмии Хайруллоев ба Покистон поён ёфт


Сафари расмии Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, ба Покистон поён ёфт. Имрӯз генерал-полковник Хайруллоев бо чанд мақоми олирутбаи низомии ин кишвар, аз ҷумла, бо сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳ Тариқ Маҷид ва фармондеҳи артиши Покистон генерал Киёнӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар. аз ҷумла, дар мубориза бо терроризму ифротгароиро баррасӣ намуд. Ба думболи ин вазири тоҷикро сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод хабар дод. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, "сарвазири Покистон иброз намуд, ки барои Исломобод равобити наздику дӯстона бо Тоҷикистон басо муҳим аст. Ӯ бори дигар ба зарурати тарҳҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, бунёди роҳ аз тариқи долони Вахон ва интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Покистон таъкид намуд".
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Шералӣ Хайруллоев ва вазири дифоъи Покистон Аҳмад Мухтор Чоудрӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои миёни ду вазоратро баррасӣ ва санадеро дар ин бора имзо карданд. Ба гуфтаи Зубайдуллоҳ Зубайдов, вазирони дифоъи Тоҷикистон ва Покистон сари мавзӯъи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва саҳмгирӣ дар таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла, дар Афғонистон ҳам тамаркуз карданд. Тасмим гирифта шуд, ки миёни вазоратҳо табодули ахбор дар бахши мубориза бо терроризм ба роҳ монда шавад.
XS
SM
MD
LG