Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як масъули ҳукумати Эрон ба 6 соли зиндон маҳкум шуд


Абдулло Рамазонзода, сухангӯи пешини ҳукумати Эрон, бо ҳукми додгоҳ барои шаш сол равонаи зиндон шуд. Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки Рамазонзода барои амалҳои зидди амнияти миллӣ ва тарғибу ташвиқи арзишҳои хилофи низоми исломӣ муҷозот шудааст. Ба иттилоъи расонаҳои эронӣ, сухангӯи пешини ҳукумат аз ҷонибдорони фаъоли яке аз сарони мухолифин Мирҳусейни Мусавӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG