Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорӣ дар Қирғизистон - касби пурхатар


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз ҳамлаҳо болои журналистони қирғиз ибрози ташвиш намудааст.

Дар номаи Миклош Харасти, намояндаи ин созмон дар умури васоити ахбор, ба Қодирбек Сарбаев, вазири хориҷаи Қирғизистон, омадааст, ҳукумати қирғиз аз ин раванди ташвишовар дар зудтарин фурсат бояд ҷилавгирӣ кунад. Ба таъкиди Миклош Харасти, фишор болои журналистон ба афзоиши сонсур дар Қирғизистон низ меорад.

Дар пайи ин номаи вакили баландпояи САҲА сафорати ИМА дар Бишкек низ изҳороте пахш кардааст. Бино ба ин изҳорот, сафорати Амрико аз ҳамла ва латукӯби журналистон дар Қирғизистон шадидан нигарон аст. Дар шаш моҳи ахир дар қаламрави ин кишвар чанд ҳодисаи ҳамла алайҳи хабарнигорон ва шореҳони сиёсӣ рух дод. Дар изҳороти сафорати Амрико дар Бишкек сӯиқасд ба ҷони журналисти нашрияи «Киштии сафед» Геннадий Павлюк, ки 16-уми декабр дар Алмаато ба вуқӯъ пайваст, хоса таъкид гардида, таҳқиқи ҷиддии ин ҳодиса ва таҳаввулоти дигари марбут ба ҳамлаҳо болои журналистон низ аз мақомоти Қирғизистон тақозо шудааст.

Алмос Усмонов, хабарнигори яке аз маҷаллаҳои хориҷии муқими Бишкек, мегӯяд, дар солҳои ахир як анъанаи номатлуб дар Қирғизистон авҷ гирифтааст ва боиси он шудааст, ки журналистони зиёд қаламрави ин кишварро тарк кунанд. Вай гуфт, дар сурати идомаи ин раванд чанд нашрияҳо баста хоҳанд шуд ва чанд журналисти дигар аз ҳарос ба хориҷа фирор хоҳад кард. Олтинбек Шайхмаматов, узви шӯрои сиёсии ҳизби «Ота Мекен», Елена Машкова, хабарнигори нашрияи «Аргументи и факти» низ айни ҳарфҳоро мегӯянд. Қубанич Жолдошев, хабарнигори рӯзномаи «Ош шами» ё «Шӯълаи Ӯш», низ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст. Ин журналист афзуд, баъди ҳамла пайвандонаш тақоза намудаанд, ки тағйири касб кунад ва ё тарзи навишти гузоришҳояшро тағйир диҳад.

Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон бо пахши як гузориш шумори ҳамлаҳо болои журналистонро баррасӣ кардааст. Бино ба ин гузориш, дар се соли ахир журналистон 28 маротиба мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Аммо мухолифони ҳукумати қирғиз мегӯянд, ки дар тӯли се сол журналистон шаст маротиба ба ҳамлаву сӯиқасди афроди номаълум мувоҷеҳ шуданд. Роҷеъ ба куштори Геннадий Павлюк дар гузориши Вазорати дохила ишорае нарафтааст.

Соли равон дар Қирғизистон хабарнигори ҳафтаномаи «Вечерний Бишкек» Юрий Александров ва завҷаи ӯ Александра, сардабири рӯзномаи «Жилан» Сеитбек Муроталиев, журналисти мустақил Алмазбек Ташиев ба қатл расиданд. Журналисти рӯзномаи «Репортёр Бишкек» Сирғак Абдилдаев аз ҷароҳатҳои вазнини корд чанд муддат дар бемористон хобид ва баъд Қирғизистонро ба қасди хориҷа тарк намуд.
XS
SM
MD
LG