Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА кумак ба Нигерро мутаваққиф мекунад


ИМА эълом дошт, ки интиқоли кумак ба кишвари Нигерро мутаваққиф ва сафари бархе аз мақомоти ин кишвар ба Амрикоро маҳдуд месозад. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Амрико, ин тасмим бо сарпечии раисиҷумҳури Нигер Мамаду Танҷа барои ба истеъфо рафтан баъд аз хатми мӯҳлати дуввуми президентӣ бастагӣ дорад. Дар эъломияи вазорат, бо такя ба арзёбии мухолифини ҳукумати Нигер гуфта шудааст, ки ҳадаф аз сиёсати раисиҷумҳур Танҷа - тақвияти идораи худкомавӣ дар кишвар аст.
Мамаду Танҷа баъд аз раъйпурсии ахир дар Нигер ҳаққи баъд аз хатми ду мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ ҳам дар садри кишвар боқӣ монданро пайдо кард.
XS
SM
MD
LG