Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи охирини ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан баргашт


Охирин зоирон баъд аз адои Ҳаҷҷи Акбар шаби гузашта аз Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Ба иттилоъи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, айни ҳол дар Арабистони Саъудӣ фақат ду ҳоҷии тоҷик боқӣ мондаанд, ки сахт маризанд. Соли равон ҳама зоирон сиҳату саломат ба ватан баргаштанд ва аммо солҳои пеш аз 5 то 7 нафарӣ бо сабабҳои гуногун дар Маккаи мукаррама бо олам падруд мегуфтанд ва дар ҳамон ҷо макони охиран пайдо мекарданд.
Имсол беш аз 5100 шаҳрванди Тоҷикистон Ҳаҷҷи Акбарро адо карданд.
XS
SM
MD
LG