Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкори мошинҳои аз Қазоқистон рабудашуда дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон 14 мошини гаронбаҳои аз Қазоқистон рабудашуда ошкор гардид. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Қазоқистон, бахши полиси ҷиноии ин вазорат бар асари як амалиёти вижа аъзои гурӯҳи байнулмилалии ҷиноиеро мушаххас намуд, ки ба рабудану фурӯхтани мошинҳои гаронбаҳо машғул буд. Ба думболи ин кормандони гурӯҳи вижаи вазоратҳои умури дохилаи Қазоқистон ва Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон 9 мошини тамғаҳои “Toyota”, “Lexus”, “Нива-Шевроле” ва ҳамчунин чанд мошини ширкати “General Motors”-ро пайдо карданд, ки аз шаҳрҳои Остона, Алмаато, Павлодар, Қарағанда ва Атирау рабуда шудаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва акнун, тибқи созишҳои байнулмилалӣ, мошинҳо бояд ба соҳибони аслияшон баргардонида шавад.
XS
SM
MD
LG