Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони «Вахш» дар Ҷоми ИДМ муайян шуданд


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар ҳаждаҳумин давраи Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик, ки аз 16-ум то 24-уми январи соли 2010 дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад, бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «В» шомил шуд.

Ба ин гурӯҳ, инчунин, дастаҳои "Боку"-и Боку (Озарбойҷон), ХИК-и Хелсинки (Финландия) ва "Оқтеппа"-и Оқтеппа (Қазоқистон) дохиланд.

Ҳайатҳои гурӯҳҳои дигар чунинанд:

гурӯҳи "А": "Днепр"-и Могилёв (Беларус), "Дордой-Динамо"-и Норин (Қирғизистон), "Металлург"-и Лиепая (Латвия), "Рубин"-и Қазон (Русия).
гурӯҳи "С": "Динамо"-и Киев (Украина), МТТУ-и Ишқобод (Туркманистон), "Левадия"-и Таллинн (Эстония), мунтахаби бошгоҳҳои Русия.
гурӯҳи "Д": "Бунёдкор"-и Тошканд (Узбакистан), "Экранас"-и Паневежис (Литва), "Дачия"-и Кишинёв (Молдова), "Пюник" –и Ереван (Арманистон).

Тақвими бозиҳо рӯзҳои наздиктарин тасдиқ хоҳад шуд.

Дар бозии ниҳоӣ ширкати президенти ФИФА Йозеф Блаттер ва президенти УЕФА Мишел Платини дар назар аст.

Қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2009 - дастаи "Вахш"-и Қурғонтеппа
XS
SM
MD
LG