Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати интернетии «Интерком» -и Тоҷикистон тақозои пардохти як миллион сомонӣ ҷарима аз шабакаи мобилии «Таком»-ро кардааст.

Зеро, ба таъкиди «Интерком», ширкати мобилии «Таком», ки бо номи «Билайн» дар ҷаҳон маъруф аст, қарордоди дутарафаи ҳамкорӣ дар заминаи ироаи хадамоти гуфтугуи телефонии байнулмилалиро иҷро накардааст. Ин дар ҳолест, ки додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, низ ширкати мобилии «Таком» - ро дар муҳосираи алоқаи байни шабакавии провайдери «Интерком» муттаҳам медонад. Ҳамакнун, «Таком» аз ин тасмими ба гуфтаи худаш ноодилона ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят бурдааст.

Баҳси додгоҳӣ миёни «Таком», намояндагии ширкати русии «Вимпелком», ва ширкати интернетии «Интерком» - и Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи апрели соли ҷорӣ бар сари иҷрои бандҳои қарордоди ҳамкорӣ байни ду ширкат шурӯъ шуда буд. «Интерком» ширкати «Таком » -ро, ки дар Тоҷикистон зери бренди «Билайн» хадамоти мобилиро ба роҳ мондааст, барои иҷро накардани ӯҳдадориҳояш муттаҳам донист. Вале додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои ширкати «Интерком» -ро рад кард. Аммо «Интерком» нисбати ин қарор ба ҳайати мушовараи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурд. Дар ниҳоят ба гуфтаи Тӯрахон Собиров, муовини раиси додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, ки ин парвандаро баррасӣ кардааст, ҳайати мушовараи додгоҳ, ҳалномаи қаблиро бекор кард, «ҳалнома аз сӯи ман дар моҳи август ба фоидаи «Таком» содир гардида буд. Аммо ҳамакнун ҳайати мушовараи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ин қарорро бекор кард».

Ба таъкиди Собиров, даъвои қаблии ширкати «Интерком», ки «Таком» -ро дар маҳдуд кардани алоқаи байнихатҳо мутаҳҳам медонад, тавассути ҳайати мушовараи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дуруст дониста шуд.

Ба гуфтаи Улуғбек Муҳаммадиев, намояндаи ҳуқуқии ширкати «Интерком», ин ширкат бо «Таком» дар тобистони соли 2008 қарордодеро дар мавриди алоқаи тронзитӣ ва байнулмилалӣ ба имзо расонда буданд. Аммо Муҳаммадиев мегӯяд, ширкати «Таком» бар хилофи санади ҳамкорӣ ин хатро якҷониба қатъ кардааст, «июни соли 2008 мо шартнома бастем бо ширкати «Таком» ва дар хадамоти давлатии алоқа тасдиқ карда шуда буд. Лекин 1 декабри соли 2008 яктарафа шарномаро иҷро накард ва амалиёти вуҷуд онро қатъ кард. Яъне алоқаи байналмилалӣ ва тронзитие, ки буд, иҷро накард. Баъд аз ин чанд маротиба муроҷиат кардем, ҳал нашуд ва маҷбур шудем, то ба додгоҳ шикоят барем. Аммо мо хоҳони идомаи ҳамкорӣ бо ин ширкати бузург ҳастем».

Муҳаммадиев, мегӯяд, ширкати «Интерком» дар муддати аз моҳи декабри соли 2008 то моҳи апрели соли 2009 дар пайи халалдор шудани алоқаи байни шабакавӣ ва иртиботи байнулмилалӣ тавассути ширкати «Таком» маблағи як миллион сомонӣ зарар дидааст. Ҳамакнун бо таваҷҷӯҳ ба он ки додгоҳ «Интерком» -ро ҳақ медонад, ширкати «Таком» муваззаф шудааст, то хати басташударо боз кунад ва маблағи зарарро ҷуброн кунад.

Ин дар ҳолест, ки «Таком» ба тасмими ҳайати мушовари додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе мухолифат кард. Марина Рожкина, сухангӯи ин ширкат, ба Радиои «Озодӣ» гуфт, иқдоми додгоҳ ба қавониини Тоҷикистон муғоират дорад, «мо ба ин тасмими додгоҳ розӣ шуда наметавонем. Зеро ин тасмим бо нақзи дағалонаи қавонини Тоҷикиситон ва ҳамзамон яктарафа ва ғайримунсифона итихоз шудааст. Иддаои «Таком» ва ҳатто далелҳои мӯътамади ироашуда низ аз сӯи додгоҳ ба назар гирифта нашуда ва дар санади ниҳоӣ низ дарҷ наёфтааст. Ба ин далел ширкати «Таком» дар нисбати ҳалномаи ҳайати мушовари додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе иқдомоетро рӯи даст хоҳад гирифт».

Ба таъкиди хонум Рожкина, «Интерком» бидуни мувофиқа бо хадамоти ширкатҳои мобилӣ, аз ҷумла «Таком» хидматгузории Call Back-ро ба муштариён пешниҳод кардааст, ки таҳти суол бурдани бандҳои қарордоди ҳамкорӣ аст. Зеро ба гуфтаи хонум Рожкина, ширкати «Интерком» бо роҳандозии хидматгузории Call Back аз хадамоти мобилии «Таком» истифода мекунад. Дар ҳоле, ки ин гуна тавофуқе байни «Таком» ва «Интерком» вуҷуд надоштааст. Ба ин далел, Марина Рожкина эълом кард, ки «Таком» дар муқобили чунин амалкардҳои «Интерком» ва тасмими ахири ҳайати мушовари догоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят бурдааст.

Ширкати «Интерком» аз соли 1999 бад ин сӯ аввалин шуда дар фазои алоқаи Тоҷикистон ба муштариёнаш, хадамоти АйПи-телефонияро пешниҳод кардааст. IP-телефония – зангҳо аз тариқи хатҳои интернетӣ мебошад. Ширкати «Билайн» дар чанд соли пеш ширкати муфлисшудаи ТоҷикТел-ро харид ва бо ҳамин роҳ ба бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ворид шуд. Феълан, ин ширкат дар Тоҷикистон бештар аз 700.000 муштарӣ доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG